Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Истаравшан

09.07.2010 23:00, шаҳри Истаравшан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Истаравшан мулоқоти тўлонӣ дошт, ки зимни он миёни онҳо сўҳбати ошкору самимӣ сурат гирифт.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба рушду нумўи соҳибкории хусусӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф изҳор дошт, ки бо вуҷуди таҷрибаи бисёрасра ва маҳорати баланди соҳибкорӣ дар шаҳри Истаравшани бостонӣ, тоҷирону соҳибкорони он бештар ба воридоти молу маҳсулот ва берун бурдани ҳаҷми зиёди асъори хориҷӣ машғуланд. Тибқи маълумоти Президенти мамлакат “танҳо дар панҷ моҳи соли равон ба шаҳри Истаравшан ба маблағи зиёда аз 485 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид ва фақат ба андозаи 73 миллион сомонӣ содир карда шудааст”.

Барои ислоҳи ин ҳолат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои дахлдори давлатӣ ва бонкҳои саҳҳомиро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва соҳибкоронро ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ ҳидоят намуд.

Масъалаи ҷиддии дигар, ки ба он низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир гардид, ин бо замин барои сохтмони манзил таъмин намудани талаботи рўзафзуни аҳолӣ буд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки барои ҳалли ин мушкилот танҳо барои васеъ намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Истаравшан беш аз 200 гектар ва барои аҳолии деҳот 1043 гектар ҷудо замин карда шуд ва таъкид намуд, ки хонаҳои истиқоматӣ бояд бо тарҳу намои зебо, мустаҳкам ва ба талаботи замони муосир сохта шаванд. Ба гуфти ў, ҳар як бинои сохташаванда, бояд ба симои шаҳру деҳоти Истаравшани бостонӣ ҳусну таровати тоза зам намояд.

Зимни мулоқот ва саволу ҷавбоҳои сершумор ҳамчунин ба бисёр масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа мароқ зоҳир гардида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда дар назди масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520