Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

26.07.2018 11:21, шаҳри Роғун

Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ - 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахасисон идома дорад.  

Бо ҷалби сохтмончиён дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 низ корҳо бомаром идома дошта, тибқи нақша ҳаҷми умумии корҳое, ки  дар ин қитъа бояд анҷом ёбад 36 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки  то ба имрӯз 15 ҳазор метри мукааб аз ҳаҷми умумии корҳо ба сомон расонида шудааст.

Тавре маълум гашт дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 корҳои анҷомёфтаи нақбканӣ зиёда аз 10 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, ҳамчунин 3 ҳазор тонна арматур дар қисматҳои сохтмонӣ банду баст гардидааст.  Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати гузариши нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома дорад.

Барои саривақт таъмиру тармим намудани нақби СТ-2 шахтаи таъмирии амудӣ бунёд карда шудааст ва сохтмони ҳамингуна иншоот дар нақби сохтмонии СТ-1 низ идома дорад.

Тибқи лоиҳа қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 то оғози фаъолияти нахустин агригати Неругоҳи барқи обии Роғун пурра анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Сарвари давлат ҳамчунин  аз рафти омодагии бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ боздид намуда, бо  ҷараёни иҷрои корҳо ва гузаронидани селобаи эҳтимолии 2018 аз наздик шинос шуданд.

Дар ин иншоот корҳои нақбканӣ ба анҷом расида, дар қисматҳои алоҳида корҳои бетонхобонӣ идома дорад. Чор адад дарвозаи таъмирию садамавӣ, ки ҳар кадоме зиёда аз 263 тонна вазн доранд насб шудааст. Тамоми таҷҳизот ва қисматҳои иловагии дарвозаҳо омодаи кор буда, он аз ҷониби ширкати "Трест - гидромантаж" - и Россия дастрасу васл гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки насби гидроприводҳо дар ин иншоот пурра  сомон ёфта, дарвозаҳои таъмирию садамавӣ бо низоми автомотикӣ омодаи коранд.

Ҳамчунин дар  бинои таҷҳизоти  гидромеханикӣ ду крани пулшакл, ки ҳар кадоме иқтидори бардошти  80 тонна борро дорад васлу насб шудааст.

Тавре  иттилоъ дода шуд бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ дар нақби сохтмонии СТ-3 ҷойгир буда, дар қисматҳои алоҳидаи ин нақб корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар ин нақб корҳои нақбкании асосӣ пурра анҷом ёфта, кандани нақбҳои ёрирасон идома дорад. Моҳона ҳаҷми миёнаи истифодаи оҳанфулузот, аз ҷумла варақаҳои оҳании дар ин иншоот васлу насбгардида 216 тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда аз оғози корҳои сохтмонии нақби мазкур дар маҷмӯъ ба 9074 тонна расидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои саривақтиву босифати корҳо даъват намуда, ба масъулин ҷиҳати назорати сифати сохтмон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520