Аз ноҳияи Айнӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ташриф оварда, бо рафти сохтмони нақби мошингарди Шаҳристон аз қисмати шимоли он аз наздик шинос шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дарозии лоиҳавии нақби нақлиётӣ 5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5305 буда, дар бунёди он 394 нафар кор мекунанд. Аз ин шумора қариб 100 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар рафти шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрўз нақби нақлиётӣ ба дарозии беш аз 4 ҳазор метр ва нақби ҳаводиҳанда зиёда аз 4200 метр канда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки нақби Шаҳристон то моҳи июли соли 2011 пурра ба истифода супорида шавад.