ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 июли соли 2018 №351
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Ректори Донишкадаи
омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
озод намудани Маҳмадизода М.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон