Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон

06.09.2018 10:18, ноҳияи Ёвон

Рӯзи 6 сентябр дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон оғоз гардид.

Бунёду навсозии роҳу пулҳои мошингард ва таҷдиди як қатор инфрасохтори муҳими мамлакат, дар заминаи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо рӯҳия ва ҳисси баланди  миллӣ анҷом дода мешавад.

Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки ноҳияи Ёвон мувофиқи меъёрҳои  муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа 16 километрро дар бар мегирад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо  иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди  шиносоӣ бо лоиҳаи  навсозии роҳҳо дар  кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвон ба корҳои таҷдиди навсозӣ расман оғоз бахшиданд.

Дастур дода шуд, ки зимни татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳо тамоми нозукиҳои роҳсозӣ, хосса инфрасохтори зарурии он ба инобат гирифта шуда, таҷдиди роҳ бо сифати баланд анҷом дода  шавад.

Тавре маълум гардид, бо назардошти зарурати навсозӣ, дар маҷмӯъ 16 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид мегарданд ва он бояд  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Дар асоси тарҳи навсозии 16 километр роҳи ҳудуди шаҳраки Ёвон паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешавад.

Таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла,  “Ғаюр-1” иҷро шуда, дар ҷараёни он техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520