Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

12.09.2018 12:46, шаҳри Хоруғ

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти “Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ” иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар замин дар маркази вилоят сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар ошёнаҳои аз 1 то 7 - уми бино ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсатҳои мақомоти шаҳр, роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, идораву ташкилотҳои давлатии шаҳрӣ, толори калони маҷлис бо 400 ҷой, ошхона бо 140 ҷой ва ғайра ҷойгир карда мешавад.

Дар маҷмуъ иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад.

Дар таҳхона утоқҳои техникӣ ва анборҳо ба назар гирифта шудааст.

Дар ҳудуди бинои мақомоти шаҳр ба ғайр аз иншооти асосӣ боз дегхона бо анбор барои захираи ангишт, зеристгоҳи трансформаторӣ, таваққуфгоҳ барои 20 ҷойи мошин ва дигар биноҳои зарурӣ сохта мешавад.

Барои боз ҳам зебо гардонидани атрофи иншоот дар саҳни бино бунёди фаввораҳо ва гулгашту хиёбон ба нақша гирифта шудааст.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои босифату саривақтии корҳо ҳидоят карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марказҳои маъмурии ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо бунёди иншооти наву муосир симои тоза касб менамоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520