Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ба истифода додани бинои маъмурии Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон

14.09.2018 08:54, шаҳри Хоруғ

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ гардидааст.

Бино дорои синфхонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхона, толори хониш, утоқҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад.

Ҳамчунин барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят утоқҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин дар ин бино 4 зерсохтори Раёсати маориф ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои Раёсати маориф, Муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ, ошхона ҷойгиранд.

Айни замон шумораи умумии компютерҳо дар мактабҳои вилоят 2700 ва шумораи умумии принтерҳо 810 ададро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар вилоят зиёда аз 15000 толибилми синфҳои аз 7 то 11 аз компютерҳои мавҷуда истифода мебаранд. Ба таълими фанни асоси технологияи информатсионӣ 243 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.

Сарвари давлат бо шарту шароити иншооти нав аз наздик шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» низ ҷойгир мебошад. Маркази мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз аз саросари вилоят хонандагонро ҷамъ овардааст. Толибилмони боистеъдоди ин марказ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ва суҳбат ба кормандони раёсат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар навбати худ масъулин ба Роҳбари давлат барои дастгирии пайваста ва бунёди чунин як иншооти наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520