Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

14.09.2018 10:12, шаҳри Хоруғ

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба фаъолият оғоз кардани боз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ - Донишгоҳи Осиёи Марказиро ба ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон, донишҷӯён, меҳмонони гиромӣ, падару модарон ва кулли сокинони мамлакат табрик мегӯям.

Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои охир баробари бомаром амалӣ намудани ислоҳоти ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар ҷодаи ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама, ба шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз дар кишвар 43 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуда, барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ кадрҳои баландихтисос тайёр мекунанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, ки имрӯз фаъолияти худро дар асоси барномаҳои байналмилалӣ оғоз мекунад, саҳифаи нав дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад.

Ба хотири тарбияи кадрҳои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ Ҳукумати мамлакат як силсила чорабиниҳоро амалӣ намуда, дар ин замина Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон»-ро таъсис додааст, ки бо истифода аз ин имкониятҳо ҳар сол ҷавонони болаёқати кишвар барои таҳсил ба муассисаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникии зинаҳои гуногуни таҳсилоти кишвар ва дар навбати аввал, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо шарикони рушд ба роҳ мондааст.

Дар заминаи ҳамин ҳамкориҳо бо мақсади таъсис додани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2000 якҷо бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Имомати Исмоилиён шартнома ба имзо расонида шуд.

Дар асоси шартномаи мазкур дар як муддати кӯтоҳ корҳои сохтмони донишгоҳ ба анҷом расонида шуданд ва муассисаи навбунёд имрӯз дар ҳузури шумо ифтитоҳ гардид.

Ташаббускори амалишавии ин лоиҳаи маърифатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пеш аз ҳама, мо бунёди чунин як муассисаи байналмилалиро якҷо бо Фонди Оғохон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ амри зарурӣ донистем ва онро дастгирӣ кардем.

Бовар дорам, ки фаъолияти муассисаи навтаъсис на танҳо ба нафъи мамлакати мо мебошад, балки барои густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа дар соҳаи маориф хизмат хоҳад кард.

Муассисони донишгоҳ кампусҳои муосири таълимиву истиқоматиро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон, Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ва Текеллии Ҷумҳурии Қазоқистон бо тарҳи ягона бунёд кардаанд, ки дар онҳо тамоми шароити зарурӣ барои таҳсилу фароғати устодону донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.

Дар айни ҳол шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафар мебошад, ки онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буда, 55 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Мо имрӯз бо шароити кориву таълимии донишгоҳ шинос шуда, итминон ҳосил намудем, ки дар он заминаи бисёр пешрафтаву муосири таълим муҳайё карда шудааст.

 Донишгоҳ дорои биноҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири таълим, озмоишгоҳи компютерӣ, толори барҳавои истироҳату фароғат, утоқҳои маъмурӣ, китобхона, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Дар ин муассисаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон мутахассисони баландихтисос омода карда мешаванд.

Дар донишгоҳ, инчунин, фаъолияти шуъбаи тайёрӣ ба роҳ монда мешавад. Таълим бо забони англисӣ сурат гирифта, ҳайати омӯзгорони донишгоҳ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷалб гардидаанд.

 Нақшаҳои таълимии донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти фанҳои ҳатмии миллӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ карда шудаанд.

Роҳбарият ва устодону омӯзгорони донишгоҳро зарур аст, ки фаъолияти худро дар доираи барнома ва нақшаҳои таълимии аз ҷониби вазорат тасдиқгардида ба роҳ монда, эҳтироми анъанаҳои милливу умумибашариро таъмин созанд ва донишҷӯёнро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд.

Дар оянда дар ин муассисаи таълимӣ намояндагони халқу миллатҳои гуногун аз кишварҳои мухталифи олам ба таҳсил ҷалб мешаванд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар баробари ба роҳ мондани таълиму тарбия дар доираи меъёрҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии байналмилалии пешрафта ва риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаву суннатҳои неки миллати тоҷик, инчунин, урфу одатҳои халқҳои дигар риоя карда шаванд.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон менамоям, ки ба муассисаи байналмилалии имрӯза довталабони беҳтарин аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қабул карда мешаванд.

Дар донишгоҳ, ҳамчунин, барои ятимони кулл ва маъюбони гурӯҳҳои якуму дуюм, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ имтиёзҳо муқаррар шудаанд.

Донишгоҳ барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, яъне омода кардани кадрҳои коргарӣ низ заминаи хуб фароҳам овардааст. Аллакай чанд сол аст, ки донишгоҳ аз рӯи якчанд касбҳои коргарӣ кадр омода менамояд.

Бовар дорам, ки бо васеъ гардидани имкониятҳои молиявии донишгоҳ номгӯи ихтисосҳои коргарӣ низ бештар мегардад.

Инчунин, хотирнишон месозам, ки баробари ба фаъолият оғоз кардани донишгоҳ даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дӯстони азиз!

Бо дарназардошти он ки барои кишвари мо таъсиси чунин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҷрибаи нахустин мебошад, устодону шогирдони ин даргоҳи маърифат масъулияти зиёд доранд.

Устодони донишгоҳро зарур аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили ватандӯстиву инсонпарварӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия намоянд.

 Зеро дар шароити имрӯза риояи ин рукнҳои ахлоқиву маънавӣ беш аз ҳар вақти дигар муҳимму зарур мебошад.

Дар интиҳо бори дигар ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар шаҳри Хоруғ ба устодону омӯзгорон, донишҷӯёни ин муассисаи навбунёд ва тамоми кормандони соҳаи маорифи кишвар табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, дӯстони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520