Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Хоруғ

14.09.2018 14:00, шаҳри Хоруғ

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Чанд рӯз қабл мо ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем.

Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни мубораку муқаддас ифтитоҳ гардидани Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат хизмати марзбонони далеру шуҷоъро дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳамеша қадрдонӣ мекунад.

Бояд зикр кард, ки сарҳад ҳамчун рамзи муқаддас ва тамомияти арзӣ яке аз нишонаҳои давлати соҳибихтиёр буда, ҳимояи онро фарзандони бонангу номус таъмин мекунанд.

Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки мо Қӯшунҳои сарҳадиро мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле вазнину ҳассоси таърихи кишварамон дар замоне, ки одитарин шароит ва заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, ташкил кардем.

Ва имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо ба ҳайси яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба як сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми Ватан табдил ёфтаанд.

Дар тӯли ин солҳо барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини рӯзгори осудаи сокинон ва оромиву суботи кишвар, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 131 нафар афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Давлату Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои махсусро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Масалан, танҳо дар се соли охир ба 688 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои низомӣ хонаҳои истиқоматӣ ва ҳазорҳо қитъаи замин барои бунёди манзили зист ҷудо карда шуданд.

Илова бар ин, дар зарфи 10 соли охир маоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 22 баробар зиёд шуда, танҳо дар ду соли охир 26 нафар афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ҷасорату мардонагӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардидаанд. Мо ғамхорӣ дар ҳаққи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне фароҳам овардани шароити мусоидро барои онҳо дар оянда низ идома медиҳем.

Афсарон ва сарбозони муҳтарам!

Равандҳои хатарноки ҷаҳони муосир ва ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ба мақсади баланд бардоштани  сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешем.

Ва ба масъалаҳои тақвияти асосҳои моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат Қӯшунҳои сарҳадӣ куллан навсозӣ гардида, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, Донишкадаи сарҳадӣ, эскадриляи алоҳидаи ҳавоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 34 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ ва 5 қисми ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис ва бунёд карда шуданд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки аксари мутлақи иншооти мазкур дар зарфи солҳои 2005 – 2017, яъне тайи дувоздаҳ соли охир бунёд карда шудаанд. Ҳамчунин, садҳо километр хатҳои назорати сарҳади давлатӣ ва дигар иншооти муҳандисиву назоратӣ барқарор карда шуданд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар барои бунёди иншооти сарҳадӣ қариб 80 миллион сомонӣ  сарф гардидааст. Илова бар ин, дар ҳамин давра аз ҳисоби маблағҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба маблағи умумии 173 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозии 11 отряд, 21 дидбонгоҳ, 4 пости сарҳадӣ ва 2 маркази таълимӣ анҷом дода шуда, ҳоло дар 90 иншооти дигар корҳои сохтмону тармим идома доранд.

Танҳо дар самти Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар панҷ соли охир 21 иншооти сарҳадӣ, аз ҷумла, 2 отряд, 4 гузаргоҳи сарҳадӣ, 11 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 2 постгоҳ, 1 маркази таълимӣ, 1 хонаи намояндагии сарҳадӣ ва иншооти дигар тавассути худи Қӯшунҳои сарҳадӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуданд.

Отряди сарҳадии “Хоруғ” яке аз ҷузъҳои муҳимми Қӯшунҳои сарҳадӣ буда, аз 897 километр хатти сарҳади давлатии қаламрави вилоят бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳифзи қариб 190 километри онро ба зимма дорад ва аз ҷумлаи отрядҳои сарҳадие мебошад, ки дар самти душвортарин қарор дошта, дар айни замон аз лиҳози шароиту кору хизмат, таъминот бо техника, шумораи ҳайати шахсӣ ва аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ пурқуваттарин отряди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2017 дар отряди сарҳадии “Хоруғ” аз ҳисоби буҷети давлатӣ се бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло дар онҳо 121 оилаи афсарони сарҳадбон зиндагӣ мекунанд.

Дар баробари ин, дар ҳамаи 11 дидбонгоҳҳои сарҳадӣ хонаҳои истиқоматӣ дар сатҳи ниҳоят баланд сохта, ба истифода дода шудаанд, ки имрӯз дар онҳо қариб 50 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ истиқомат доранд.

Яъне отряди сарҳадии “Хоруғ” ҳоло аз лиҳози шароити моддӣ барои зисту зиндагии аҳли оилаи сарҳадбонон ва пешбурди хизмат ба яке аз беҳтарин қисмҳои ҳарбии кишвар табдил дода шудааст.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи мутахассисони оянда ва баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорон Маркази таълимии отряди сарҳадӣ ба таври замонавӣ азнавсозӣ гардид ва ба истифода супорида шуд. Маркази  зикршуда бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, дар он барои таълим ва такмили ихтисоси 800 нафар  афсарону сарбозон тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар отряди сарҳадии ”Хоруғ” барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 240 ҷойи нишаст, боғчаи кӯдакон барои 100 нафар ва коргоҳи дӯзандагӣ ҷиҳати истеҳсоли либос ва дигар эҳтиёҷот, ки 30 нафар занонро бо ҷойи кор таъмин мекунад, аз нав сохта, иншооту биноҳои Кохи фарҳанги “Истиқлол”, ошхонаи сарбозон, шифохонаи ҳарбӣ ва дигар иншооти фароғативу хизматрасонӣ пурра азнавсозӣ ва ба истифода супорида шуданд.

Чанд рӯз қабл аз ҷониби масъулини Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои низомӣ дар самти отряди сарҳадии “Хоруғ” дидбонгоҳи сарҳадии “Рӯшон”, комендатураи “Рӯшон” ва дар самти отряди сарҳадии Ишкошим дидбонгоҳҳои сарҳадии “Харгӯшӣ” ва “Чашма”, ки сохтмони онҳо соли ҷорӣ ба охир расид, ифтитоҳ гардиданд.

Иншооти сарҳадии зикршуда низ тибқи меъёрҳои муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти навтарини назоратӣ ва техникӣ таъмин карда шудаанд.

Роҳбарияти давлат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавӣ ва муҳиммоти ҷангӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Роҳбарон ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар навбати худ, бояд вазифаи бевоситаи худ – ҳимояи давлат ва марзу буми Ватанро таъмин карда, дар айни замон ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбият, омодабошии ҷангӣ, тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии ҳайати шахсӣ, махсусан, дар самти кор бо наваскарон эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамеша дар назар бояд дошт, ки риояи қатъии талаботи ойинномаҳои низомӣ, интизоми ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва итоати бечунучаро ба фармонҳои командирону сардорон шарти муҳимтарини омодагии ҷангиву қобилияти мудофиавӣ ва нишондиҳандаи мустаҳкамии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Чунонки борҳо таъкид карда будам, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд. Имрӯз таҳдидҳои хатарноки зикршуда ба проблемаи ҷиддии ҷомеаи башарӣ табдил ёфтаанд, ки Тоҷикистони мо низ аз он истисно нест.

Имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ вазифаҳои басо душвору масъулиятнок гузошта шудаанд.

Аз ин рӯ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фармондеҳону роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумат ва ойинномаҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Хусусан, шумо, сарҳадбонон, ки дар сафи пеши ҳифзи марзҳои давлатӣ ва таъмини суботу оромии сокинони кишвар қарор доред, бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед ва нагузоред, ки унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи кишвар, амнияти давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.

Мардуми Бадахшон табиатан ватандорони асил ва ҳомиёни марзу буми кишвар буда, ба сарҳадбонон ҳамчун фарзандони бонангу номуси миллат эҳтироми хосса доранд.

Тавре ки пиронсолон мегӯянд, «сарҳадбонон дар Бадахшон гаҳвораҷунбонанд», зеро 114 деҳаи вилоят дар мавзеъҳои сарҳадӣ ҷойгир мебошанд ва оромиву амнияти мардум танҳо бо хизмати шабонарӯзии сарҳадбонон ва ҳамкории доимии онҳо бо сокинони маҳаллӣ таъмин мегардад.

Бинобар ин, ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ зарур аст, ки бо ин мардуми равшанзамир ҳамкорӣ карда, ҳифзи сарҳади давлатиро боз ҳам тақвият бахшанд.

Гузашта аз ин, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангӣ ҳамкориро бо дигар сохтору мақомот, пеш аз ҳама, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар ҷузъу томҳо тавассути гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбию тактикӣ таҳким бахшанд.

Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳимояи сарҳади давлатӣ бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо боз ҳам пурзӯр карда шавад.

Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат тамоми саъю кӯшиш ва донишу маҳорати касбии худро ба таъмини манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳимояи  Ватан, дастовардҳои истиқлолият, бехатарии давлату ҷомеа, волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишвар равона хоҳанд кард.

Бори дигар  ҳамаи шумо марзбонони далеру шуҷоъ, инчунин, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои махсус ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо  дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳифзи сарҳадоти давлати соҳибихтиёрамон, амнияти сокинони мамлакат ва таъмин намудани тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун дар кишвари маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520