Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ротаи алоҳидаи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

12.09.2018 13:30, шаҳри Хоруғ

Муҳтарам афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!

Имрӯз мо дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтем, ки бо шароити хизмати афсарону сарбозони ротаи таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ аз наздик шинос шавем.

Зеро дар шароити торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва дар навбати аввал, экстремизму терроризми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ омодабошии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ кафили боэътимоди пойдории давлати соҳибистиқлоламон ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат мебошад.

Имрӯз метавонем бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоем, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ва ташкилёбии ин навъи қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд.

Ҳукумати мамлакат аз оғози таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ то ба имрӯз барои мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани ҷузъу томҳои онҳо ва беҳсозии шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамояд.

Ҳайати шахсии ротаи сеюми қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилӣ то имрӯз дар шароите зиндагиву хизмат мекард, ки ба талаботи муосир умуман мутобиқат надошт.

Вале бо вуҷуди ин, афсарону сарбозони рота вазифаҳои хизмативу ҷангии дар назди онҳо гузошташударо дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон содиқона иҷро намуданд.

Бо дарназардошти он ки фароҳам овардани шароити мусоид омили асосии самаранокии фаъолияти ҳайати шахсӣ мебошад, чанд лаҳза пеш мо барои воҳиди махсуси Қӯшунҳои дохилӣ бинои навбунёдро бо тамоми шароиту имкониятҳои барои хизмат ва истиқомат мувофиқ ба истифода супоридем.

Дар бинои нав, ки аз се ошёна иборат мебошад, барои пешбурди хизмат ва истироҳату фароғати ҳайати шахсӣ беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамчунин, тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаҳои тиббӣ, майдонҳои сафороӣ, қисмҳои навбатдорӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар биноҳои ёрирасон таҷдиду азнавсозӣ гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар ҷараёни амалиётҳои махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, дар муҳорибаҳои ниҳоят мураккабу хавфноки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат гузаронидашуда ҷасорат ва маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд.

Аз оғози таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ ба хотири таъмини сулҳ ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишвар қариб 600 нафар сарбозону афсарони ҷузъу томҳои он ҷони худро қурбон кардаанд.

Хотираи онҳо ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд, зеро ҷасорату диловарии онҳо барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар мактаби матонату фидокорӣ ва ватандӯстии ҷавонони тоҷик мебошад.

Ҳукумати мамлакат оилаҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии дар давраи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ фавтидаро ҳамеша таҳти ғамхорӣ гирифта, ба онҳо мунтазам кумакҳои иҷтимоиву моддӣ мерасонад.

Барои хизмати содиқона ба халқу Ватан то имрӯз 40 нафар хизматчиёни низомии Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаҳони имрӯза зуҳуроти бисёр хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ торафт густариш пайдо карда истодаанд.

Бар замми ин, вазъи ноороми ҳамсоякишвари мо - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба ҳаёти орому осудаи Ватани мо таъсири худро мерасонад.

Дар иртибот ба ин, роҳбарони воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиву касбиро аз даст надода, пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин, ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳо бояд доир ба баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ, тақвияти интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмӯъ, таъмин намудани сатҳи баланди омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Шумо, афсарону сарбозони шуҷои Ватан бояд доим дар хотир дошта бошед, ки фазои орому осоиштаи Ватани азизи мо бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони сарсупурдаи роҳи озодиву истиқлол ба даст омадааст ва таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи он аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо вобаста мебошад.

Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба қобилияту садоқати шумо итминон дорам ва бовар дорам, ки шумо ба савганди ёдкардаи худ ҳамеша содиқ мемонед.

Дар охир, кулли роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ, махсусан, қисми ҳарбии 3503-ро ба ифтихори 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати ифтитоҳи бинои навбунёди замонавӣ самимона табрик гуфта, итминони комил дорам, ки шумо минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи касбии худро барои сарбаландона иҷро намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сафарбар месозед.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520