Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

27.09.2018 19:24, шаҳри Душанбе

27 сентябр дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Қазоқистон имрӯз яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва мо барои идомаи муколамаи созандаи шарикии стратегӣ манфиатдорем.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорию ҳамгироии давлатҳо дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки натиҷаҳои ҷаласаи Шӯро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши кишварҳо, омили таконбахш хоҳад гардид.

Ҳамкорӣ бо ин кишвари дӯст дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад ва Қазоқистон дар байни шарикони тиҷоратӣ аз руи ҳаҷми гардиши мол ба ҷойи дуюм баромад.

Фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва имзои Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои  соҳибкорӣ дар татбиқи мувофиқаҳои ба даст омада ва санадҳои имзошуда назаррас маънидод гардид. 

Рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармояи қазоқистонӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ - гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷуёни ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми динию сиёсӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллии муташаккилро муҳокима карданд.

    

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520