Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин

05.03.2012 13:00

Нимаи аввали рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Федератсияи Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Владимир Путинро Сарвари давлати Тоҷикистон бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия, ки 4 – уми марти соли равон баргузор гардид, сидқан ва самимона табрику таҳният гуфт. Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар мақоми нав дастоварду комёбиҳои баланд таманно намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҳамкории босамари Тоҷикистону Русия ба нафъи мардумони ҳарду кишвар таҳкиму густариш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520