Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд

08.10.2018 11:45, шаҳри Душанбе

Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Сараввал аз номи худ ва мардуми меҳмоннавози тоҷик боз як бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Шри Рам Натҳ Ковинд ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикстон хайрамақдам мегӯям.

Ҷониби Тоҷикистон ин сафари Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустонро идомаи муколамаи байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар медонад.

Мулоқоту музокироте, ки имрӯз мо анҷом додем, дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.

Тарафҳо бар онанд, ки густариши дарозмуддати муносибатҳои неки дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгӯи манфиатҳои милливу давлатии ҳар ду ҷониб буда, ба таҳкими сулҳу истиқрори минтақавӣ мусоидат менамояд.

Дар ишора ба аҳаммияти машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи баланду олӣ мо зарурати тақвияти минбаъдаи онҳоро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон таъкид намудем.

Дар ин зимн қайд гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ рукни муҳимми муносибатҳои тарафайн мебошанд ва барои рушди минбаъдаи онҳо бояд ба таври лозимӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда мавриди истифода қарор гиранд.

Ҳар ду ҷониб ба манзури рушди самти мазкури ҳамкорӣ омодагии худро ҷиҳати фаъолтар сохтани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон таъкид намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи ҷалби сармояҳо мебошад.

Мо омодаем, ки фаъолияти сармоягузорони Ҳиндустонро дар ин соҳа минбаъд низ пуштибонӣ намоем.

Ҷониби Тоҷикистон манфиатдор аст, то сармояи ҳиндустонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториву истеҳсолӣ, саноативу кишоварзӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ ворид шавад.

Ҷонибҳо густариши робитаҳои фарҳангиву башариро, бахусус дар чунин арсаҳои иҷтимоӣ, ба монанди илму маориф, тиб ва сайёҳӣ, таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ва музокирот мавзӯоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасию арзёбӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо нигаронии амиқи худро дар ростои идомаи нооромиҳо ва боз ҳам мураккабтар гардидани вазъ дар Афғонистон изҳор намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии худро барои ҳамкории васеъ дар самти истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон бори дигар таъкид кард.

Мо мувофиқ бар он будем, ки дарёфти роҳҳои самараноки ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти осоишта дар он ҳамоҳангии бештари амалҳои муштараки ду кишвар ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамояд.

Дар ин робита ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти андешидани тадбирҳои ғайринизомӣ, қабл аз ҳама, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва иртибототро омили муҳимми истиқрори сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзёбӣ кард.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон пиромуни аксари масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи муштарак ё ба ҳам наздик доранд.

Қайд гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, минҷумла Созмони Милали Муттаҳид хуб ба роҳ монда шудаанд.

Тарафҳо бо дарназардошти хатару таҳдидҳои рӯзафзуни глобалӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккиллонаи фаромиллӣ ҷонибдории худро аз тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ дар арсаи амниятӣ таъкид намуданд.

Умедворам, ки сафари мазкур дар таърихи навтарини муносиботи ҳамкории шарикии ду кишвари дӯст ҷойи муносиберо ишғол хоҳад кард.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520