Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

28.01.2019 16:22, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ дар баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои Айнию Деваштичи вилояти Суғд, шаҳри Роғун, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо мақсади аз кишвари аграрӣ ба як кишвари индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон, бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар, Сарвари давлат аз ҷой доштани баъзе камбудиҳо ва ба таври ғайриқаноатбахш амалӣ кардани ҳадафҳои саноатикунонии кишвар, изҳори нигаронӣ намуданд.

Тибқи таҳлили дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар баррасӣ гардида, дар баробари пешравӣ камбудиҳои ҷиддӣ дар дигар сохторҳо низ ба назар расида, Президенти мамлакат пеш аз ҳама сатҳи баланди қонуншиканӣ дар самти тақсими ғайриқонунии замин дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои вазифавии раисони баъзе ноҳияҳо, таъмини нокифояи нақшаи баъзе намудҳои андоз, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар норасоиҳоро махсус қайд карданд.

Бинобар ҷой доштани камбудиҳо дар сохтор ва муассисаҳои зертобеи вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ин сохторҳо бо муовинонашон аз вазифаҳояшон озод гардиданд.

 Дар Қасри миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва муовинони вазорати саноат ва технологияҳои нав, сардор ва муовинони Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини вазири молия, раиси шаҳри Роғун, раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд, раиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаҳо таъин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки аксарияти кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда кадрҳои ҷавону корозмӯда, ботаҷриба ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ба нафъи давлату миллат ва дар доираи қонун иҷро намудани фаъолияти хизматӣ даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки шахсони ба вазифаҳои пурмасъул таъиншуда, ба давлату Ватан ва миллат бо дасту дилу нияти пок кор кунанд, барои рушду пешрафти кишвар саҳмгузор ва баҳри иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускору ташкилотчӣ бошанд.

 

 

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Заробиддин Қудрат
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Заробиддин Қудрат 13 феврали 1965 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси нафту газ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 ҳамчун ёрдамчии пармагари дараҷаи III сохтмони асосии Идораи коркарди нафти «Ҷаркурганнефт» оғоз намуда, минбаъд то соли 1997 дар вазифаҳои ёрдамчии пармагари дараҷаи IV, Ёрдамчии пармагари дараҷаи V, устои бригада дар иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнафт», устои қитъаи сохтмонии Раёсати Сохтмонии  «Монолит-3», Сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СН» дар назди заводи конструксияҳои оҳану бетонии №3, Нозири техникии кӯҳии дараҷаи I дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту газ, сардори нозироти техникии кӯҳии байнивилоятӣ доир ба назорат дар ташкилотҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва саноати коркарди нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2017 то соли 2019 дар вазифаи Сардори Саридораи  геологияи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019, № 1191 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520