Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳри Кўлобу ноҳияи Восеъ Ҳамид Абдуллоев ва Султон Валиев оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир телефонӣ ҳисобот доданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳои зарурӣ баҳри бартараф намудани оқибатҳои боришоти шадиди борон ва обхезӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Шурообод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон муташаккилона ба роҳ монда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки баҳри ғамхорӣ зоҳир намудан ба аҳолии зарардида, хусусан дар ноҳияи Восеъ ва тезонидани корҳо баҳри ҳар чи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Онҳо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки ба комиссияи ҳукуматӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баҳри босамар анҷом додани вазифаҳо оид ба кўмакрасонӣ ба мардуми зарардида ҳамаҷониба мусоидат намоянд.