Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Шоҳигарии Бруней Доруссалом

04.04.2010 21:00, Бруней Доруссалом

Субҳи рўзи 3 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ аз Сингапур ба Шоҳигарии Бруней Доруссалом рафт.

Худи ҳамон рўз барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маросими бошукўҳи истиқбол аз ҷониби Султони Бруней-Доруссалом ?ассанал Болкиа? ва мулоқоти дуҷонибаи сатҳи олӣ оғоз ёфт.

Маросими истиқболи давлатӣ бо шукўҳи хоси шоҳона - бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Дар мулоқоти сарони ду давлат, ки нахуст дар ҳайати хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардид.

Бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳо матлуб дониста шуд.

Султони Бруней-Доруссалом ?ассанал Болкиа? ҳузури ҳайати калони соҳибкорони Тоҷикистонро дар ин сафар фоли нек аз оғози ҳамкории густурда арзёбӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Султони Бруней-Доруссалом ?ассанал Болкиа?ро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Аз рўйи натиҷаҳои музокироти расмӣ 4 санади заминагузори ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расид:

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя;

Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней Доруссалом дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар бораи машваратҳои дуҷониба.

Зери ҳамаи санадҳои ҳамкорӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Бруней Доруссалом шоҳзода Муҳаммад Болкиаҳ имзо гузоштанд.

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Агентии сармоягузории Бруней Амин Абдуллоҳ ва Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи рушди иқтисоди Бруней ҷаноби Датопадука Тимотий Онгро ба ҳузур пазируфт ва дар ду маросим оид ба муаррифии рушди иқтисодӣ ва сармоягузории ин давлат иштирок намуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ ва воридоти сармоя ба Бруней Доруссалом аз фурўши нафту газ ва сармоягузорӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст.

Зимни пурсишу посухҳо ва тамошои китоб-албомҳою наворҳо аз манзараҳои биҳиштосо ва сарватҳои бебаҳои Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории Бруней Доруссалом ба иштирок дар истихроҷ, коркард ва содироти захираҳои фаровони табиати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

қарор карда шуд, ки барои омўзиши бештару наздиктари имкону захираҳои ҳамкории дуҷониба робитаҳо дар сатҳи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои соҳибкорӣ густариш дода шаванд.

Ин нукта ҳамчунин борҳо дар форуми муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бруней Доруссалом, ки хеле пурмаҳсул анҷом ёфт, зикр гардид.

Шоми рўзи 3 – юми апрел Султони Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳассанал Болкиаҳ ба ифтихори ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар зиёфати давлатии шоҳона орост.

Рўзи 4 – уми апрел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як деҳаи обии Шоҳигарии Бруней Доруссалом дидан карда, бо шароити зиндагии ғайриоддӣ ва камназири мардуми ин маҳалла аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, хонаҳои мардуми ин деҳот дар болои оби ду соҳили дарё, ки чуқуриаш 10-15 метр аст, сохта шудаанд.

Дар посух ба суол доир ба он, ки чаро дар рўйи замин, дар хушкӣ хона намесозанд, ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳам худи сокинони маҳаллӣ посух доданд, ки онҳо зиндагӣ дар болои обро афзал медонанд. Иттилоъ дода шуд, ки умуман давлату давлатдории Бруней Доруссалом аз ҳамин гуна маҳаллаҳои обӣ оғоз ёфта будааст ва аз ин хотир роҳбарият ва мардуми ин давлат ба ин тарзи зиндагӣ чун мероси фарҳангӣ ва таърихии худ арҷгузорӣ мекунанд.

Аз сўҳбат бо аҳолии деҳот ҳамчунин маълум шуд, ки онҳо, сарфи назар аз сарватмандии зиёди давлат, маоши худро, асосан бо ҳунармандӣ, истеҳсоли ашёи рўзгор, маҳсулоти дастӣ, моҳигирӣ ва дигар корҳои нисбатан вазнин таъмин менамоянд.

Дар як гўшаи ҳамин деҳа дар намоишгоҳе, ки ҳамчунин дар болои об бунёд ёфтааст, намоиши имконоти мавҷуда ва ояндаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ чун яке аз роҳҳои зиёд кардани даромад ба буҷети давлатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ ҷараён гирифт.

Дар боздид аз деҳаи обӣ ва муаррифии имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири саноат ва туризми Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳамроҳӣ намуд.

Нимаи дуюми рўзи 4 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи исломии Султони Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳассанал Болкиаҳ ва намоишгоҳи аксҳои Султон дидан кард.

Дар намоишгоҳи исломии Султон таваҷҷўҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бештар хазинаи ғании китобҳои он ҷалб намуд.

Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо як нусхаи асли китоби Эҳёи улуми динии Имом Ғаззолӣ маҳфуз аст.

Зимни сўҳбатҳои созанда таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бруней Доруссалом метавонанд ҳамчунин ҳамкории густурдаи фарҳангӣ дошта бошанд.

Бо ҳамин барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Бруней Доруссалом ба поён расид ва бегоҳии ҳамон рўз аз пойтахти ин давлат - шаҳри Бандар Сари Бегаван ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520