Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев

20.03.2019 18:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Нурсултон Назарбоев, ки аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба истеъфо рафт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли самимият сипоси хешро ба Нурсултон Назарбоев барои ҳамкории самараноки чандинсола иброз намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки пешвои Қазоқистон фаъолияти созандаи худро дар арсаи сиёсат ба нафъи мардуми бародари Қазоқистон ва тамоми минақа идома хоҳад дод. 

Сарвари давлати Тоҷикистон саҳми Нурсултон Назарбоевро дар раванди ба роҳ мондану густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ намуданд.

“Ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шумо муносибатҳои байнидавлатии мо ҳамеша дар ҷараёни рушди босуръат қарор доштанд ва хурсандибахш аст, ки ҳамкориҳои мо имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд”, - таъкид карданд Президенти Тоҷикистон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ин ҷонибро ҷиҳати идомаи ҳамкории минбаъда бо ӯ дар чунин рӯҳияи созандагӣ иброз доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуданд, ки аз дидори Нурсултон Назарбоев - дӯсти боэътимоду бародари худ - дар Тоҷикистон ҳамеша хушнуд хоҳанд буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520