Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

22.03.2019 10:37, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, ки зимоми иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ӯҳда гирифт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба ин муносибат сидқан табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ бар нафъи шукуфоиву пешрафти минбаъдаи Қазоқистони дӯст орзу намуд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зимнан Пешвои миллат ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.  

Дар рафти суҳбат президентҳо мубодилаи табрикот ба муносибати иди хуҷастапайи Навруз, ки саршори анъанаҳои созандаи дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар мебошад, анҷом доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520