Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ»

02.06.2012 15:00, Чин

Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ба ҳам омаданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 10 соли ахир гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзуда, ҳаҷми солонаи он аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи бузурги муштарак бо шарикони чинӣ амалӣ мегардад.

«Бо вуҷуди ин, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, - имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз хеле зиёданд». Аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони чинӣ ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сохтмонӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, телерадиокоммуникатсия, бунёди зербинои сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар бизнес-форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» ҳамчунин Губернатори музофоти Фуҷиан Су Шулин, Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи «Зи Ҷин» профессор Чжэен Ҷинхэ, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Сардори Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуданд.

Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520