Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

10.04.2019 14:18, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид.

Нозирӣ Хусрав аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Қодирӣ Ардашер ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Бақозода Сайрам – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашер – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ҳокимшоҳ – Директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Назирмадзода Бахтиёр – муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520