Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
«Мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ менамоем», - таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки «ба Афғонистон мақоми давлати нозири Созмони ҳамкории Шанхай дода мешавад».
Сарони ду давлати ҳамсоя барои татбиқи босамари лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси душанбегии РЕККА пешниҳодшуда ҳамкории ҳамоҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва кишварҳою созмонҳои мададрасонро зарур шумурданд. Тавре зикр гардид, лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба самтҳои гуногуни Афғонистон ва то сарҳади Покистон ва кашидани хаттҳои интиқоли барқи 500-киловатаи Сангтӯда – Пули Хумрӣ ва КАСА-1000 аз ҷумлаи онҳоянд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон имсол омода аст ба Афғонистон тавассути хатти 220-киловолтаи Сангтӯда – Қундуз – Пули Хумрӣ ҳудуди 700 мегаватт нерӯи барқ содир намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз болоравии босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва имконоти транзитии ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахш, аз ҷумла тавассути ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ, таъкид намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тавсиаи бештари заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар сурат гирифт.