Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер

26.04.2019 15:44, Чин

Дар вохурии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер масъалаҳои густариши ҳамкории созанда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи соҳаи муҳимтарини равобити Тоҷикистону кишвари аврупоии Швейтсария - ҳамкорӣ баҳри рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер дар навбати худ изҳор дошт, ки мо бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкории хуб дорем ва оянда ҳам кушиш мекунем ин ҳамкориро бар нафъи мардумонамон идома диҳем.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд, пурзур кардани низоми бонкӣ, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария ҳамчун омили муҳими тавсеаи ҳамкорӣ баҳри густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ, дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, табодули андеша карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520