Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқия ба Императори фахрии Япония Акихито

01.05.2019 21:15, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори фахрии Япония Акихито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Дар ин рӯзҳои таърихӣ нахуст бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.

Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Аълоҳазратро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Япония муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.

Умедворам, ки анъанаҳои равобити неки байни кишварҳо ва мардумони мо дар минбаъда низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.

Ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Япония пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520