ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
озод намудани Хайрулло Амонулло
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Хайрулло Амонулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 майи соли 2019
№1248