Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков

17.05.2019 12:03, шаҳри Душанбе

17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбековро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар ва иштироки ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кишварҳои мо тавассути иштироки фаъол дар тадбирҳои муштарак метавонанд дар таъмини амну субот дар давлатҳои худ ва минтақа саҳми фаъол дошта бошанд.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили бомуваффақонаи ҳамоиши сатҳи баланд ва меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, инчунин муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520