Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Атамкулов Бейбут

18.05.2019 09:09, шаҳри Душанбе

18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония” Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариши муносибатҳои шарикӣ бо Қазоқистон ҳавасмандем ва мулоқоти имрӯза дар доираи Муколама имкони дигари муҳокимаи самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо робитаҳои судманд дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ карданд.

Зимни вохурӣ масъалаҳои таъмини амният ва мушкилоти глобалӣ дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, муҳокима гардид ва ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520