Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчак

21.05.2019 20:18, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ хусусан дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Словакия дар ин соҳаҳо омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин аз ҳавасмандии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи муносибатҳои шарикӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имрӯз бояд ин созмон барои таъмини амнияту субот қарорҳои муҳим қабул намуда, тадбирҳои бетаъхир андешад.

Баргузории конференсияи сатҳи баланд дар масъалаи терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Душанбе аз тадбирҳои муҳими байналмилалӣ дар мубориза ба ин вабои аср арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои ин конференсия дар оянда барои таъмини амнияту суббот дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар самтҳои асосӣ аз ҷумла ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодию экологӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар мубориза ба терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилу фаромилӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои ҳалли мушкилоти имрӯзи сайёра аз сиёсати «меъёрҳои дугона» кор намегиранд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520