Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи роҳи мошингарди Деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғара

23.05.2019 09:19, ноҳияи Данғара

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар даромадгоҳи деҳоти “Пушинг” бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди “Данғара – Пушинг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин роҳ деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.

Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингард ҳазорҳо нафар сокинони деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак аз ин роҳ ба таври самаранок истифода мебаранд. Рафтуомади бемамониати одамон ва нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли мусофиру мол осон мегардад.

Бунёди роҳ дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ноҳияи Данғара мебошад, зеро роҳи мошингард бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи тоҷик” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои роҳсозӣ бунёд карда шуд.

Роҳсозон дар вақти сохтмон ҳамаи талаботи меъёрҳоро ба инобат гирифта, корҳои бунёди роҳи пиёдагард, ҷуйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонкунии қад-қади роҳро анҷом додаанд.

Бари роҳи мошингард дар минтақаҳои гуногун аз 4,5 то 14 метрро дар бар мегирад.

Барои чароғонкунии роҳи мазкур дар маҳалҳои аҳолинишин 240 адад сутунпоя бо чароғҳо шинонида шудаанд.

Дар масири ин роҳ барои ҷавобгӯ намудан ба талаботи роҳсозӣ даҳҳо адад аломатҳои ишоратӣ насб гардидаанд.

Барои дар рафти сохтмон бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аз тарафи пудратчиён 50 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.

Ҳамчунин барои бунёди роҳ аз техникаҳои муосири роҳсозӣ истифода гардид. Сохтмончиён кӯшиш карданд роҳро босифат созанд, то он солҳои дароз ба мардуми деҳот хизмат расонад ва барои ин иқдомашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо баҳои арзанда доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520