ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи
миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
озод намудани полковники гвардия Одиназода И.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
11 июни соли 2019
№1266