Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.06.2019 18:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид.

Сипас оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №302 “Дар бораи дастгирии давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, рушди соҳаи энергетика, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар солҳои охир вазъи ин соҳаи афзалиятнок бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан беҳтар гардидааст ва дар натиҷаи ин дастгириҳо соли 2018 дар Тоҷикистон 19,7 млрд кВт соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани талафоти неруи барқ дар давраи солҳои 2014-2018 сатҳи талафоти неруи барқ аз 17,3 фоиз дар соли 2014 то ба 15,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёфта, дар ин давра ҳаҷми фоиданоки неруи барқ дар бозори дохилӣ зиёд гардид ва ҷамъоварии маблағ аз 1 млрд 40 млн сомонии соли 2014, дар соли 2018 2 маротиба зиёд ва ба 2 млрд 79 млн сомонӣ баробар шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, боз ҳам беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, коҳиш додани сатҳи талафоти неруи барқ, ба пуррагӣ гузаштан ба низоми муосири биллингии ҳисоби барқ ва баҳисобгирии неруи барқи таҳвилшаванда аз зеристгоҳҳои барқӣ то муштарии охирин таҳти назорат қарор дода шавад.

Қарор карда шуд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҷиҳати муайян намудани андозаи воқеии талафоти неруи барқ, кам намудани он ва бо истифода аз низоми биллингӣ барои зиёд намудани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи корӣ, аз ҷумла дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хазинадорӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гузориш доданд.

Баъди муҳокимаи аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин лоиҳаи як қатор созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доир ба дигар масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ ва дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Роғун раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода гузориш доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои бетаъхири масъалаҳои дар кори маҷлис баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳои дигар барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии хӯроки чорво, таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, ташкили истироҳати босифати кӯдакону наврасон дар лагерҳои истироҳатию фароғатии мамлакат ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашну идҳои дар пешистода дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди натиҷагирӣ аз баргузории Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ изҳори сипос карда, миннатдории бепоёни худро, махсусан, ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба ҳайати меҳмонони Тоҷикистон баён намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тадбирҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ истиқболу гусели пуршукӯҳи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520