Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён

16.07.2019 17:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея мақоми шоиста дошта, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея интизориҳои зиёд дорад.

Ҷонибҳо ба он назар буданд, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ заминаҳои созгори шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, Коммисияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ фаъолияти назаррас дорад.

Доир ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея  дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”, Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкори судманд анҷом дода шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро  дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ  бо Фонди Корея оид ба қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ ҳавасманд аст.

Зимни мулоқоти судманд доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, фармасевтика, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории  форумҳои тиҷоратии Тоҷикистону Корея ва Тоҷикистон-Корея-Ӯзбекистонро дар соли гузашта, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар рушду густариши муносибатҳои байнидавлатӣ хусусан дар соҳаи тиҷорату иқтисод арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самт таҳким мебахшад.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили вобаста ба амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунии Афғонистон, мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520