Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Мухаммад ал-Носир

25.07.2019 18:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Мухаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Президенти Ҷумҳурии Тунис – Баджи Қаид Ас-Себсиро дарёфт намудам.

Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Тунис хизматҳои назаррас анҷом дода буд.

Бинобар ин талафоти бузург аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520