Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбат бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳоти Оқсойи вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон

26.07.2019 12:46, шаҳри Исфара

26 июли соли 2019 дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.

Дар ин зимн Сарони ду давлат ҳамчунин бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии Ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии Тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520