Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии «Элегант-Балҷувон» дар деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 06:45, ноҳияи Балҷувон

Рӯзи 6-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Самти асосии коргоҳ коркарди сангҳои маҳаллӣ мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст.

 Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда, он имрӯз сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонда шуда, бо истифода аз он сангҳои маҳаллӣ коркард карда мешаванд. Дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба фаъолияти коргоҳ таъкид доштанд, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат бунёди чунин иншоот ва пурра коркард кардани сангҳои маҳаллӣ саривақтӣ буда, он боиси бо ҷойи кор таъмин кардани сокинон ва дастрасӣ пайдо кардани аҳолӣ бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ мегардад.

Айнӣ замон бо ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Тибқи маълумот иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда доираи фаъолияти он васеъ карда шуда, то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки дар оянда дар ин ҷо коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ бунёд намуда, чанд нафар сокинони маҳаллиро бо чойи кор таъмин созанд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» дар ноҳияи Балҷувон сокинон сангҳои ороишии истеҳсолкардаи корхонаро бехарҷи зиёд харидорӣ менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ ба дастгирии бахши хусусӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди корхона боғи интенсивии себ ва ангур бунёд гардидааст. Инчунин гармхона барои парвариши қаламчаи дарахтони интенсивӣ сохта шуда, дар оянда дар майдони як гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил карда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520