Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани гулгашт дар маркази ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 08:01, ноҳияи Балҷувон

6-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин дар маркази ноҳия гулгашти муосирро, ки бо тарҳ ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 80 сад як доман густурдааст.

Дарозӣ ва паҳноии гулгашт бошад, 450 ба 20 метр мебошад. Бино ба иттилои масъулон ин ягона макони истироҳатиест, ки аз ҷониби соҳибкорон ва дастгирии мардуми бонангу номуси ноҳияи Балҷувон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии гулгашт, ҳанӯз моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.  

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он  88 чароғаки муосир ва 24 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ  барои гаштугузори сокинон мусоидат аст. Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани  гулгашт,  беш аз 4 ҳазор дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 7 ҳазор гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст.    

Зимни боздид аз корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар гулгашти марказии ноҳия Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Қобил ба зикр аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлтӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон боз бунёди чунин гулгашту майдонҳои истироҳатӣ дар назар дошта шудааст.  

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520