Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 08:08, ноҳияи Балҷувон

Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии "Гулдастон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қоргоҳи мазкур аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст. Дар ин ҷо занону бонувони чирадасти ноҳия, ки маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд, дар баробари оне, ки ба кор ҷалб гардидаанд, ҳамчунин барои омӯзонидани ҷавондухтарон низ фаро гирифта шудаанд. Қабати якуми бино аз кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои омодашудаи коргоҳ, машваратгоҳ иборат буда, дар ошёнаи дуюм толори дӯзандагӣ бо насби 20 мошинаи дарздӯзӣ, утоқи маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 8 сотихро ташкил дода, худи бино дар масоҳати 290 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкори ҷавон Насимҷон Сатторов сохта шудааст. Барои бунёди бино беҳтарин маҳсулоти сохтмонии ватанӣ истифода гардида, корҳои созандагӣ пурра аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ иҷро гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки ин коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон ягона сех аст, ки барои дӯхти сару либоси мактабӣ ва мувофиқ ба талаботи фармоишгар маҳсулот омода месозад.

Акнун баъд аз ба истифода додани маркази хизматрасонии "Гулдастон" наздики 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар ин ҷо оянда сехи дӯзандагӣ васеъ гардида шумораи коргарон зиёд карда хоҳад шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520