Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои боғчаи кӯдакон дар ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 08:13, ноҳияи Балҷувон

Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия  сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ иборат буда, қабати дуюм аз синфхонаҳо, утоқи роҳбарият, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Корҳои сохтмонии бинои кӯдакистон моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода  дода шуд. Масоҳати умумии бинои сохташуда 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Акнун баъд аз ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур мушкилоти фарогирии кӯдакон дар ноҳия бартараф шуда, имкониятҳо барои қабули онҳо бештар гардид. Зеро агар то ба  ин дам дар кӯдакистон ҳамагӣ 2 гурӯҳ  фаъолият  дошт, акнун баъд аз истифодаи бинои нав 6 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Яъне ин маънои онро дорад, ки дастури Пешвои миллат, ҷиҳати фарогирии кӯдакон то 30 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ дар сесолаи баъдӣ босуръат амалӣ гардида истодааст.

Фармоишгари бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Тарҳу симои дохил ва берунаи бино бо ҳар гуна аксҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфта, атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабз зебо гардонида шудааст.

Зимни боздид аз кӯдакистон Пешвои муаззами миллат, аз иҷрои корҳои анҷомёфта ва дар муддати кӯтоҳ ба истифода супоридани он изҳори сипос намуда, ба мураббиёну маорифчиёни ноҳия дастуру супоришҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияи Балҷувон сохтмони боз якчанд кӯдакистони наву замонавӣ идома хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520