Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

06.08.2019 11:13, ноҳияи Балҷувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, қаблан дар деҳоти Сари Хосор, ки аз минтақаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон ба шумор меравад ҷавонону наврасон аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан танқисӣ мекашиданд.

Акнун дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин дастгоҳу таҷҳизоти дигар низ барои обу тоби бадан насб карда шудааст. Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он на танҳо барои ҷавонону наврасони деҳаи Шайдон балки барои сокинони деҳаҳои гирду атроф низ имконоти васеъи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро фароҳам месозад.

Дар назди майдончаи варзишӣ ҳамчунин барои фароғату истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор ин якумин майдончаи варзишии муосир аст, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин сохта шудааст. Аз ин иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст варзишгарон ва кудакону наврасон изҳори хушнудӣ карданд.

Имконият ва шароити арзандаи фароҳамовардашудаи машқу тамрин варзишгарон, хоса ҷавонону наврасони деҳоти Сари Хосорро водор месозад, ки беш аз пеш ба сайқал додани маҳорати варзишӣ талош варзанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520