Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои наврўзии шаҳри Душанбе

21.03.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ботаникии пойтахт тантанаҳои наврўзии шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Ба истиқболи иди байналмилалии Наврўзи оламафрўз Боғи ботаникии пойтахт аз даромадгоҳ то ба ҳама гўшаю канораш ба таври идона ороста шуда буд.

Дар даромадгоҳи наврўзгоҳи умумишаҳрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва аҳли ҷамоаи пойтахт бо шодию нишот, шеъру таронаҳои рўҳафзои наврўзӣ ва рақсу сурудҳои дилошўб истиқбол гирифтанд.

Дар маркази Боғи ботаникӣ, ки базмгоҳи асосӣ буд, роҳбарият ва аъзои парлумону ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва намояндагони сершумори аҳли ҷамоа ҷамъ омада буданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди анбўҳи зиёди иштирокдорони тантанаҳои наврўзӣ суханронӣ намуда, бори дигар аҳолии пойтахт ва кулли Тоҷикистон, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамчунин мардуми тамоми кишварҳои сайёраро, ки Наврўзро ҷашн мегиранд, бо ин иди фархунда, иди озодагону поктинатон, иди эҳёи табиат ва бедоршавии тамоми мавҷудоти зинда табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки ҳидоятҳои Президенти мамлакатро оид ба дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат, иҷро намуда, ба онҳо кўмак мерасонанд, хатсур ва тўйҳои арўсии фарзандони онҳоро ба таври хайрия баргузор менамоянд, арзи сипос намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сарфарозӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки имрўз иди Наврўз бо иштироки аҳли ҳунару санъати Тоҷикистон ҳамчунин дар Амрико ва як зумра кишварҳои қитъаи Аврупо низ таҷлил мегардад.

Сипас дар наврўзгоҳи шаҳри Душанбе намоиши бошукўҳи театрикунондашуда ва консерти идонаи наврўзӣ баргузор гашт, ки аз ҷониби аҳли ҳунару санъати Тоҷикистон бо завқу салиқаи баланду нозук омода гашта буд.

Дар оғози намоиш гузариш аз фасли сармову тангӣ ба айёми баҳору наврўз ва фасли бедоршавии табиати зинда аз номи 4 унсур - бод, об, оташ ва хок, ки 4 сарчашмаи ҳаёти моддӣ дар рўйи заминанд, басо зебою дилнишин тасвир ёфт.

Барномаи фарҳангии наврўзӣ саршор аз тасвирҳои баланди ифодакунандаи пирўзии гармӣ бар сардӣ, рўшноӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ ва оғози фасли киштукор, эҳёгарӣ ва созандагию бунёдкорӣ буд, боиси болидахотирии кулли ҳозирин гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсули ҳунари ҳунармандони касбу кори гуногун, ки дар гузаргоҳу гулгаштҳои боғи ботаникии пойтахт ба мардум барои тамошо ва баҳрабардорӣ пешкаш гашта буд, дидан карда, ҳамаи аҳли ҳунару санъат ва ҳаваскоронро низ бо иди наврўзи дилафрўз ва соли нави бобоӣ табрику муборакбод гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520