Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг

07.08.2019 10:16, ноҳияи Ховалинг

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Ховалинг бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат дар масоҳати 240 метри мураббаъ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар он ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо тамоми таҷҳизоти кору фаъолият, аз ҷумла технологияи муосир таьмин мебошад ва аз 5 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 44 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғл ва маоши хуб таъмин буданд.

 Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маҷлисгоҳ ва утоқи корӣ ва дар ошёнаи дуюм 4 утоқи корӣ барои кормандон ҷойгир карда шудааст.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро ҷавонон ташкил медиҳад ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.

Дар се шуьбаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ҷавонони лаёқатманд кор мекунанд ва онҳо дар тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ноҳия пайваста дар талошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо рафти кору фаъолият ва имконоти муосир дар бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ба хидмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллати тоҷик ҳидоят намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ҳизб дар ноҳияи Ховалинг як адад нақлиёти сабукрави замонавӣ туҳфа намуда, иншоотро бори дигар барои онҳо табрику таҳният гуфтанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520