Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20.08.2019 16:39, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Имрӯз ҳамчунин дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии "Ҳусни Роғ"-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Маркази хизматрасонӣ дар ин деҳаи дурдасттарини мамлакат дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои Маркази хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино дорухона ҷойгир буда, дар он маводи доруворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамчунин дар назди дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунад. Дар ин гӯша гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх, ки ба бемориҳои рудаву меъда, фишорбаландӣ, бемории дил ва ғайра фоидабахш мебошанд, пешниҳоди сокинон гардонида шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонӣ чанд тан аз сокинони деҳаи Роғ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро шоёни дастгирӣ хонданд ва аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми худро гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520