Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич

21.08.2019 09:39, ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии майдони боғи назди Парчами давлатӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад.

Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ, аз тарафи сохтмончиён зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои ранга шинонида шуда, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд ёфтааст.

Инчунин дар роҳравҳои боғи истироҳатию фароғатӣ 20 роҳаткурсӣ, 6 суҳбаткада ва даҳҳо адад чароғҳои ранга насб гардидааст.

Дар масоҳати 4120 метри мураббаъи роҳравҳо сафолакҳои ранга чинда шуда, майдони 4413 метри мураббаъ кабудизор гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва ҳам парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор меравад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520