Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Нишони давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод

22.08.2019 10:16, ноҳияи Зафаробод

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии нишон 23 метрро ташкил медиҳад ва он дар як мавзеъи хеле ободу зебои ноҳия сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.

Майдони нишони давлатӣ акнун ба як макони тозаву озода ва маҳалли зебои сайру тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардид.

Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён фаввораҳо, роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, садҳо адад ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёди Нишони давлатӣ ва партавафшон кардани Парчами давлатӣ дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 зимни як сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри бедор кардани ҳисси баланди ватандорӣ дар замири мардум дар майдони марказии ноҳия Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ парчами давлатиро партавафшон намуданд.

Сокинони ноҳияи Зафаробод барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногунро сохта мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ифтитоҳи нишони давлатӣ низ аз тадбирҳои созанда дар ин самт мебошад, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи марудми ноҳия амалӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520