Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

23.08.2019 12:22, шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи бозрасиии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ки бо тарҳи хоса дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Дар ошёнаи якуми бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюми он панҷ ва дар ошёнаи сеюм се утоқи корӣ, толори маҷлис ва хобгоҳ ҷойгир мебошад. Дар таҳхонаи бинои мазкур бошад, хазина, ду утоқи корӣ ва толори варзишӣ барои кормандон, ҷойгир аст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо сифати баланд, бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар доираи истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кормандони соҳа табрику муборакбод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.

Ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 адад мошини хизматӣ тақдим карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520