Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд

23.08.2019 12:28, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд.

Ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11 - и мактаб - интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз кумакпулӣ, сару либос ва дастархони идона иборат буд, баҳравар шуданд.

Ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат амалӣ шуда, зимни суханронӣ дар назди ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба кулли табақаи ниёзманд андешаронӣ карданд.

Хонандагон дар навбати худ ба Сарвари раъиятпарвар ва падари ғамхори хеш барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуданд.

Дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кудакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар кудаки ятим ба ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии 470 ятим 245 каси онро духтарон ташкил медиҳанд.

Муассисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгзорӣ шуда, бо ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат сарпарастон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ ва шахсони эҳсонкор дар арафаи иду айём аз ҳоли бошандагон хабар гирифта, ба онҳо сару либос, хурока, ашёи хониш ва дигар мавод дастрас мекунанд.

Инчунин бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо бо квотаҳои ҷудонамудаи Сарвари давлат беимтиҳон ба муассисаҳои олии кишвар барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Дар ин рӯз барои 100 кудаки ятим аз ҷониби Пешвои миллат дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, барномаи махсуси фарҳангӣ мураттаб гардид, ки боиси болидаруҳии наврасон гашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520