Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

01.09.2019 12:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд ва онҳоро ба Рӯзи дониш таҳният гуфтанд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе  сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Бинои навбунёд дорои 36 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ 11 синфхонаи мактаб ҳамчун синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо асбобу аёниятҳои зарурӣ насб шудааст, ки ба ин васила толибилмон метавонанд мавзӯъҳои дарсиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълимии  духтаронаву писарона ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Синфхонаи компютерии муассисаи таълимӣ бо насли нави технологияи телекоммуникатсионӣ таъмин буда, бо хати баландсуръати интернет пайваст мебошад. Бинои иловагии муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ буда, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, осорхонаи мактабӣ низ дар дохили он бунёд гардидааст. 

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар бинои иловагӣ ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст ва ошхона бо 250 ҷой бунёд ёфтааст ва  онҳо мувофиқ ба талабот муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар бинои иловагии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 ҳамзамон барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бо 210 ҷои нишаст бунёд ёфтааст, ки бо дастгоҳҳои варзишӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи  мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ  пайваст гардидааст.  

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст. Дар маҷмӯъ барои бунёди иншооти мазкур 1,5 гектар замин ҷудо гардидааст ва роҳраву саҳни таълимгоҳ пурра сафолакпӯш карда шуд.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои мазкур бо назардошти  норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз меъёр зиёди хонандагон бунёд ёфта, сохтмони он дар зарфи бештар аз 1 сол анҷом дода шуд. Ин туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.

Пешвои миллат зимни боздид бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки имсол Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро 196 нафар хонанда хатм карданд, ки аз ин ҳисоб 182 нафарашон, ё худ 90 фоизашон ба муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар шомил гаштанд. Феълан дар таълимгоҳ 95 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, 80 фоизашонро бонувони соҳибмалака ташкил медиҳанд ва ифтитоҳи бинои иловагӣ шароиту имконоти онҳоро барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия  хубтар намуд.    

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ самаранок истифода баранд.   

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо андешидани силсилаи тадбирҳо ҷараёни бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимиро дар пойтахт  торафт вусъат дода, дар давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар пойтахт ба сохтмони зиёда аз 25 муассисаи таълимӣ бо бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфтааст, ки то имрӯз 8 муассисаи нави таълимӣ барои 10 ҳазору 500 нафар хонанда бо сифати баланд ба истифода дода шудааст. Танҳо дар арафаи  соли нави таҳсили имсола аллакай 7 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50  сеюмин мактаб мебошад, ки дар се рӯзи охир дар ҳудуди пойтахт ба истифода дода шуд.

Дар маҷмӯъ то соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520