Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2019 08:40, шаҳри Душанбе

Дар иртибот ба таҷлили бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Ба муносибати иди миллӣ табрикоти самимии маро қабул намоед.

Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими ризоият ва субот дар ҷомеа ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил гашт.

Дар Беларус аз муносиботи мавҷудаи ҳамёрии стратегии байни кишварҳоямон қадрдонӣ мекунанд. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо анъанаҳои деринаи дӯстии миёни Беларусу Тоҷикистонро ҳифз намуда, боз ҳам афзун хоҳем гардонид.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому хушбахтӣ, амалӣ гардидани ҳамаи ниятҳоятон ва ба мардуми Тоҷикистони бародар  сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Иҷозат бидиҳед ба муносибати бисту ҳаштумин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, самимонатарин маротиби табрикоти худ ва мардуми Афғонистонро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародари он кишвар, иброз намоям.

Мардуми Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол дастовардҳои сутург дар ростои ободӣ ва пешрафти кишварашон доштаанд. Мардуми Афғонистон ба унвони дӯстони наздики Тоҷикистон ба робитаҳои нек ва ҳасанаашон, ки ҳамвора ба он кишвар тавсеа ёфтааст, ба дидаи қадр менигаранд.

Ҷалолатмаоб Раисҷумҳур,

Ҳамон гуна, ки моҳи июни ҳамин сол дар Бишкек дар мулоқоти дӯстонаи хеш ёдовар гардидам, Афғонистон ва Тоҷикистон фурсатҳои бузург барои густариши ҳамкориҳо ва кори муштарак дар пружаҳои муҳими минтақавӣ доранд.

Афғонистон омода аст то ба манзури истифода аз ин фурсатҳо ва таҳкими бештари равобити дӯстона бо Тоҷикистон талошҳои ҳамаҷониба намояд.

Ман зимни хушӣ ва ризоят аз мулоқот бо Ҷалолатмаоби Шумо, сиҳативу муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва саодату тараққии бештари мардуми бародари Тоҷикистонро хоҳонам».

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Туркманистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимиву беҳтарин таманниётамро ба муносибати Рӯзи истиқлоли кишваратон ирсол медорам.

Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муносибатҳои неки дӯстии бисёрсола дар асоси усули баробарӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои мо, ки то имрӯз бадаст омадааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимод барои рушди муколамаи байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии созанда ба нафъи мардумони ду кишвар хизмат хоҳад кард.

Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу некрӯзӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Рам Натҳ Ковинд, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби муҳтарам,

Аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худ мехоҳам табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти шумо иброз намоям.

Дӯстии Ҳиндустон ва Тоҷикистонро робитаҳои қавии таърихӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам мекунанд. Равобити дуҷонибаи мо аз соли 2012 то ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шудааст. Боварӣ дорам, ки равобити мо дар заминаи фаъолияти муштараки мо минбаъд низ тавсеа ва таҳким хоҳад ёфт.

Ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ, орзуҳои неки худ, тансиҳатии бардавом, саодат ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро таманно мекунам.

Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо ғанимат медонам».

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ба муносибати солгарди иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми Италия ва шахсан аз номи худам сидқан табрик менамоям.

Кишварҳои мо ба туфайли ҳамкориҳои самаранок, ки Италия ба онҳо аҳаммияти калон медиҳад, бо ҳам муттаҳид шудаанд.

Бовар дорам, ки муносибатҳо байни Душанбеву Рим дар асоси дуҷониба ва дар доираи ҳамоишҳои дахлдори минтақавӣ минбаъд ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Дар интизори мулоқоти ояндаамон, ба Шумо, Ҷаноби Президент ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон ҷиҳати рифоҳи он таманниёти беҳтарини  худро таҷдид менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям.

Туркия, аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи он қарор гирифта буд ва минбаъд низ дар қарор хоҳад гирифт.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ чунин омадааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаро расидани бисту ҳаштумин солгарди Истиқлоли кишваратонро ба Ҷаноби Олӣ ва миллати дӯсту бародари Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Хушбахтона тайи бисту ҳафт соли гузашта муносиботи бародаронаи байни ду кишвар дар чорчӯби манфиатҳои муштарак ва пайвандҳои деринаи тамаддуниву фарҳангӣ, раванди рӯ ба рушдеро шоҳид буда ва дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки мақомоти олии ду кишвар, чашмандози умедбахше гушуда шудааст. Умедворам муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҷиҳати таъмини субот ва амнияти минтака тавсеаву таҳким ёбад.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва некӯаҳволӣ ва беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Сарвазири Ҷумҳурии Армения Никол Пашинян чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон қабул фармоед.

Бешубҳа, ин санаи хотирмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ба дигаргуниҳои куллии ҳаёти кишвар оғоз бахшида, афзалиятҳои ҳамкориҳои байналмилалии онро муайян намуд.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва дастгирии ҳамдигари халқҳои Арманистону Тоҷикистон дар оянда низ ба баланд бардоштани самаранокии равобити байнидавлатиамон чи дар сатҳи дуҷониба ва чи дар сиғаҳои бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии қавию некрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Президенти Венгрия Янош Адер дар барқияаш навиштааст:

«Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият иҷозат фармоед ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро иброз намоям.

Боиси хушнудист, робитаҳое, ки Тоҷикистону Венгрияро бо ҳам мепайванданд, солҳои охир инкишоф ёфта истодаанд ва бовар дорам, ки ин раванд минбаъд низ ба таври мунтазам идома хоҳад ёфт.

Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Венгрия ба таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди байни кишварҳоямон омода мебошад.

Ҷаноби Президент, ба Шумо дар кори масъулиятнокатон минбаъд низ комёбиҳои бузург ва саломатии қавӣ орзу менамоям».

Сарвари Ҷумҳурии Халқии  Демократии Алҷазоир Абдулқодир бин Солеҳ дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси хушнудии ман аст, ки мардуми Тоҷикистони дӯст Иди истиқлолашонро ҷашн мегиранд. Бо истифода аз фурсат Шуморо, Ҷаноби Олӣ аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Алҷазоир табрику таҳниат гуфта,  ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештарро таманно менамоям.

Аз фурсати муносиб истифода бурда,  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳоямон мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон омодагии ҳамаҷонибаи  худро барои тақвият бахшидан ва рушд додани робитаҳои дӯстӣ, ҳамбастагию бародарӣ,  ки кишварҳои моро бо ҳам мепайванданд, таъкид менамоям.

Бо камоли эҳтиромот ва қадршиносӣ бори дигар Шуморо, Ҷаноби Олӣ, табрику муборакбодӣ менамоям».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Шоҳи Нидерланд – Уилям Александр, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ва Директори Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид – Тсю Донжуй ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 28-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520