Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод

10.09.2019 13:39, ноҳияи Мӯъминобод

Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, “Нуралишо Назаров”, “Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Муъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд.

Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд.

Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешавад.

Дар намоишгоҳи кишварзони ноҳияи Мӯъминобод каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, боймиҷон, қаламфӯр, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерва ва ғайра ба намоиш бароварда шуд.      Дар ноҳияи Мӯъминобод 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад.

Давоми 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лубиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ, зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат намуда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520