Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб

11.09.2019 13:10, шаҳри Кӯлоб

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад. Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун муассисаи таваллудии зинаи 3-юм ба шумор рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад. Иншооти мазкур дар назди Беморхонаи вилоятӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.

Муассисаи тандурустӣ дорои шуъбаҳои қабул, бахши кӯмаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва ду кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад. 

Дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидааст, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст. Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.  Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ, шабакаи обрасонӣ бунёд гардидааст.

Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.  Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустии мамлакат моҳи апрели соли 2017 бевосита бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Ба кормандони ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба модар ва кӯдак расонида шуда, дар самти ҳифзи солимии модар ва кӯдак шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520