Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои таъмиру барқарорсозии 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб

11.09.2019 15:26, шаҳри Кӯлоб

11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз бахшиданд.

Нахуст дар маҳалли сохтмони роҳҳои мошингард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азнавсозӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб дар доираи амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру таҷдид, роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи ширкати роҳсозии чинии “Чайна Роуд” амалӣ карда мешавад.

Дар навбати аввал дар доираи амалисозии марҳалаи мазкур барқарорсозии 11,5 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб, 1 пули 39 метра дар роҳи фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва равшаннамоии 16 километр ба нақша гирифта шуда буд.

Бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ, дӯстӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, ҳукумати кишвари ҳамсоя иловатан бар 11, 5 км роҳ барқарорсозии боз 10 километр роҳро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Кӯлоб ба уҳда гирифтанд.

Ҳамин тавр бо маблағҳои кумаки бебозгашти Чин 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб пурра ва ҷавобгу ба талаботи стандартҳо таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми роҳсозон изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷалби сокинони маҳаллӣ дар амалисозии лоиҳаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520